ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоб субҳи дирӯз дар дидор бо масъулони Ҳаҷ ва гурӯҳе аз зоирони Хонаи Худо бо таъкид бар ин ки сохтор ва ҳайати зоҳирии фаризаи Ҳаҷ комилан сиёсӣ ва муҳтавои аҷзоъи он комилан маънавӣ ва ибодӣ аст, гуфтанд: имрӯз бузургтарин манфиати уммати Ислом «иттиҳод ва ҳамгароӣ» барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳони Ислом мебошад. Агар ин иттиҳод вуҷуд медошт, масоиле чун Ғазза ва Яман рух намедод.
07:46 , 2025 May 05