IQNA

Ҷузъиёти мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малик Абдулазизи Арабистон

20:59 - April 19, 2024
рақами хабар: 1386
ИКНА - Ҷузъиёти чиҳилу чаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малик Абдулазизи Арабистон аз ҷумла замони баргузорӣ, риштаҳо ва маблағи ҷавоизи нафароти бартар эълом шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, чиҳилу чаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз, қироат ва тафсири Қуръони Карими Малик Абдулазиз ба ҳиммати вазорати умури исломӣ даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар моҳи сафари соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ дар Макка баргузор мешавад.

Шайх Абдуллатиф ибни Абдулазиз Оли Шайх, вазири умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ ва нозири куллии ин мусобиқот гуфт: ин вазоратхона муфтахар аст, ки ин мусобиқотро, ки аз ҷойгоҳи боло дар сатҳи байналмилалӣ бархурдор аст ва нақши пешгоми Арабистон дар ҳимоят ва ҳифзи Қуръони Каримро нишон медиҳад, баргузор мекунад.

Вай бо ишора ба дастовардҳои ин мусобиқот дар тӯли чаҳор даҳа, дар эҷоди рақобат миёни ҷавонони мусулмон барои ҳифзи Қуръони Карим хотирнишон кард: ин мусобиқот яке аз барҷастатарин мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ ба шумор меравад.

Бинобар эъломи масъулон, ширкаткунандагон дар ин мусобиқот аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар панҷ ришта аз ҷумла ҳифзи кулли Қуръони Карим бо савт ва лаҳн бо истифода аз ҳафт қироати мутавотер аз тариқи Шотебия; Ҳифзи кулли Қуръони Карим бо лаҳн, таҷвид ва тафсири муфрадоти Қуръони Карим; Ҳифзи кулли Қуръони Карим бо савт ва лаҳн; Ҳифзи понздаҳ ҷузъ мутаволӣ бо савт ва лаҳн ва ҳифзи панҷ ҷузъ мутаволӣ бо савт ва лаҳн ба рақобат мепардозанд.

Арзиши ҷавоизи мусобиқот чаҳор миллион риёли Арабистон аст, ки нафари аввал дар риштаи аввал 500000 риёл, нафари дувум 450000 риёл ва нафари севум 400000 риёл ва нафари аввал дар риштаи дувум 300000 риёл, нафари дувум 275000 риёл ва нафари севум 250000 риёл ҷоиза дарёфт хоҳанд кард. Дар риштаи севум, нафари аввал 200 ҳазор риёл, дувум 190000 риёл ва нафари севум 180 ҳазор риёл ва нафари чаҳорум 180 ҳазор риёл ҷоиза дарёфт хоҳанд кард.

Дар риштаи чаҳорум нафари аввал 150000 риёл, нафари дувум 140000 риёл, нафари севум 130000 риёл, нафари чаҳорум 120000 ва нафари панҷум 110000 риёл ҷоиза дарёфт мекунад ва дар риштаи панҷум ба нафари аввал 65 ҳазор риёл, нафари дувум 60 ҳазор риёл, севум 55 ҳазор риёл, чаҳорум 50 ҳазор риёл ва нафари панҷум 45 ҳазор риёл ҷоиза хоҳад гирифт.

Мусобиқоти Қуръони Малик Абдулазиз аз соли 1399 ҳиҷрии қамарӣ аз сӯи вазоратхонаи умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон оғоз шуда ва токунун ҳазорон нафар аз саросари ҷаҳон дар он ширкат кардаанд. Ин мусобиқот дар Масҷидулҳаром дар муддати панҷ рӯз баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4211088

captcha